Cафари расмии вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Душанбе



Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев имрӯз бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз 9 то 11-уми феврал ҳайати Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо роҳбарии ноиби Президенти Агентӣ Киёши Кодера низ аз Тоҷикистон боздид мекунанд.

Гуфта мешавад, аз 11 то 20 феврал сафари кории сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Тайланд дар Тоҷикистон (муқими ш.Остона) Чарн Ҷулламон ба Тоҷикистон дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное