Ҳалокати духтари 19-сола дар садамаи нақлиёт дар Душанбе



Бар асари садамаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе шаби рӯзи 15 феврал як духтари 19-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Худоёр Неъматови 24-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Зарафшон ба самти кӯчаи И.Сомонии пойтахт, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба симчӯби байни роҳ бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Санам Бобошарифоваи 19-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

spot_imgspot_img

Популярное