Ҳабси «пайғамбари охируззамон» – «шайх Темур»

Бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт аз 16-уми феврал, Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола, маъруф ба «шайх Темур» дар водии Ҳисор ба ҳабс гирифта шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод, нисбати ҳабсшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Саидмаҳдихон Сатторов – «шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт аз 16-уми феврал, Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола, маъруф ба «шайх Темур» дар водии Ҳисор ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод, нисбати ҳабсшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Саидмаҳдихон Сатторов – «шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда ва соли 1986 бо даъвои ҳамсараш, ки духтари 16 соларо барои дуохонӣ наздаш оварда буданд ба занӣ мегирад ва бо ин ҷурм ба ду сол маҳкум мешавад. Баъди адои ҷазо ҷониби Ҳисор кӯч мебандад.

Тавре ровии филм мегӯяд: “Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро “Имом Маҳдӣ”, пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад”.  Ровӣ ҳамчунин идома медиҳад, ки: “ба қавли бародарони ташайюъ Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад”.

Қобили зикр аст, ки то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.