Вохӯрии раиси ҲАТ бо интихобкунандагони Суғд

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҲАТ), дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯри гузаронид. Дар ин вохӯриҳо, ки дар  ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд доир гардид, Рустам Латифзода бо мардуми маҳаллӣ аз наздик суҳбат карда, доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲАТ маълумот дод. Тавре аз маркази матбуотии ҲАТ хабар […]

ASIA-Plus



Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҲАТ), дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯри гузаронид. Дар ин вохӯриҳо, ки дар  ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд доир гардид, Рустам Латифзода бо мардуми маҳаллӣ аз наздик суҳбат карда, доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲАТ маълумот дод.

Тавре аз маркази матбуотии ҲАТ хабар доданд, бо муаррифии нуктаҳои асосии Барномаи ҳизбӣ Латифзода аз ҷумла зимни вохӯриҳо изҳор доштааст, ки “ҳарчанд дар мамлакат маводи озуқа аз рӯи аксари намудҳо ба қадри зарурӣ истеҳсол мегардад, баъзе маҳсулоти соҳа, маслан гандум, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷ бамаротиб зиёд ворид мегардад. Ин ҳолат аз як тараф хатари ҷиддӣ ба амнияти озуқаворӣ дошта бошад, аз тарафи дигар истеҳсолкунандагони ватаниро ба мудохилаи шадиду ногуворӣ маводи хориҷӣ дучор мегардонад».

«Аз ин лиҳоз, бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ чораҳои самарабахш аз қабили татбиқи таҷрибаи аз тарафи давлат бо нархҳои кафолатнок харид намудани қисми маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон ва ҷорӣ намудани дигар намудҳои ҳавасмандгардонӣ барои истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд андешида шаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба андешаи раиси ҲАТ, аз сабаби паст будани малакаи касбӣ, риоя накардани агротехнология, истифодаи нокифояи техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои сифатнок ва нуриҳои минералӣ, самаранокии истеҳсоли маҳсулоти соҳа паст мебошад ва ҳоло як деҳқони мамлакат барои 3-4 нафар маводи озуқа истеҳсол мекунад.

«Барои муқоиса 1 фермери давлати Исроил 95, ИМА -79, Россия – 15 ҳамватани худро бо маводи озуқа таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад, заҳмати солонаи аксарияти марди деҳқон барои таъмини талаботи ҳатто оилаи худ кифоя нест», – таъкид дошт ӯ.

Гуфта мешавад, дар вохӯриҳо ҳамчунин масъалаҳои ҷавонон, мушкилоти шуғлу истироҳати онҳо ва шароити иҷтимоию фарҳангии деҳоти вилоят, чораҳои ҳалли онҳо ва беҳтар кардани шароити кору зиндагии мардуми деҳот, аз ҷумла тавассути таҳияи қонунҳои дахлдор ибрози назарҳо шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки  аз ҳисоби аъзоёни ҲАТ-и вилояти Суғд номзадии 5 нафар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.