Дар вилояти Суғд духтари ноболиғ, толибилми синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумӣ даст ба худкушӣ зад.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар анборхонаи манзили худ духтари ноболиғ, хонадаи синфи 11, сокини ҷамоати Ҳамробоеваи ноҳияи Конибодом Ш.И. даст ба худкушӣ задааст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба ин амал даст задани духтари ноболиғро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.





