Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Боздиди кории сафири Шоҳигарии Тайиланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ ддар шаҳри Остона) Чан Ҷулламон аз Тоҷикистон идома меёбад; – Барномаи GIZ «Шартҳои қолабӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD), ки аз ҷониби ҳукуматҳои Британияи Кабир ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, қабули шунавандагон  ба курси «Тарҳрезии стратегии ниҳоди молиявӣ»-ро эълон медорад. Курси […]



Анонс



– Боздиди кории сафири Шоҳигарии Тайиланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ ддар шаҳри Остона) Чан Ҷулламон аз Тоҷикистон идома меёбад;

– Барномаи GIZ «Шартҳои қолабӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD), ки аз ҷониби ҳукуматҳои Британияи Кабир ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, қабули шунавандагон  ба курси «Тарҳрезии стратегии ниҳоди молиявӣ»-ро эълон медорад. Курси омӯзишӣ рӯзҳои 12-14 марти соли 2015 доир мегардад. Сабт ва маълумоти муфассал тариқи телефони 44 600 68 20 ё почтаи электронии: [email protected].



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.4139

сомонӣ;


1

евро –

6.1807

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.087


0



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




2003

— Дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд воҳиди махсуси ВКД ҶТ миқдори зиёдтарини маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар – 345 кило героинро дарёфт ва мусодира намуд.


2007 —

Дар Душанбе торнамои нави расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (

www.mfa.tj

) муаррифӣ шуд.


2013

— Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо дархости истирдоди собиқ нахуствазири кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ муроҷиат кард.


1929

– Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Яъқуб Сабзанов.


1930

– Мавлуди адабиётшинос, нависанда Зоҳир Аҳрорӣ.


1939

– Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тӯхта Иброҳимова.


1974

– Мавлуди олим-табиб Нигина Даминова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, субҳ ва рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+17, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1-6, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -1-6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, субҳ ва рӯзона аксаран бидуни боришот.              

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15. 


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +2+4.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.