Анҷоми лоиҳаи навбатии ҳукумати Ҷопон дар Балҷувон

Дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон рӯзи 18 феврали соли 2015 маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон» баргузор гардид. Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ, дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои амалисозии ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба ҳукумати […]



Дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон рӯзи 18 феврали соли 2015 маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ, дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои амалисозии ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба ҳукумати ноҳияи Балҷувон 102 ҳазору 371 доллари ИМА ҷудо гардид.

Гуфта мешавад, дар ин маросим Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Балҷувон ва намояндагони Беморхонаи марказии ноҳия ширкат варзиданд. 

«Сафир қайд намуд, ки Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарии Ҷопон барои рушду равнақи соҳаҳои мухталиф дар сартосари Тоҷикистон, ҳам дар ноҳияҳои дурдаст ва ҳам ру ба тараққӣ оварда, саҳми худро мегузорад. Бо беҳтар гардонии иншооти мазкур, лоиҳа ҳамзамон бевосита ба беҳбуди шароити хизматрасонӣ ба10 ҳазор беморон мусоидат хоҳад кард, ки ҳамасола ба Беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат мекунанд», – омадааст дар иттилоияи сафоратхонаи Ҷопон. 

Зимнан зикр мегардад, ки Фотеҳ Аминзода дар суханронии худ дар ин маросим ба мардум ва ҳукумати Ҷопон, ҳамзамон аз кулли одамоне, ки барои амалӣ гаштани чунин лоиҳаи муҳим заҳмат кашиданд, миннатдорӣ изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳа дар ҳудуди Беморхонаи марказӣ бинои нав бунёд гардида, он дорои 8 ҳуҷра мебошад, ки дар он ҳуҷраи ташхис ва муолиҷа барои шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ, ҳуҷраи касалиҳои сирояткунанда, дандонпизишк, ҷарроҳӣ ва урологӣ фаъолият хоҳанд кард. «Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби хеш ба бинои навбунёд таҷҳизотҳои зарурии замонавӣ тақдим намуд», – зикр мегардад дар иттилоия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома диҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.