Боздошти ронандаи давоми сол 186 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоянакарда



Кормандони мақомоти милиса дар Душанбе як ронандаеро, ки давоми як сол 186 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст, боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, ронандаи автомашинаи тамғаи «Порше», сокини пойтахт Нуралӣ Назаров муддати як сол 186 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст, ки ҳамаи ин қонуншиканиҳо дар камераҳои мушоҳидаи видеоии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои ин қонушиканиҳо дар роҳ ронандаи номбурда беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное