Анҷоми маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

Маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид. Соати 20-00-и вақти маҳаллӣ ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ баста шуда, ҳисобу китоби овозҳо оғоз гардид. Интихобот ҳанӯз соати 15-и рӯз баргузоршуда эътироф гардид, ки то ин замон аллакай беш аз 74%-и интихобкунандагон овоз дода буданд. Соати 18-и вақти маҳаллӣ дар интихобот 3 млн. 515 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок […]

ASIA-Plus



Маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид. Соати 20-00-и вақти маҳаллӣ ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ баста шуда, ҳисобу китоби овозҳо оғоз гардид.

Интихобот ҳанӯз соати 15-и рӯз баргузоршуда эътироф гардид, ки то ин замон аллакай беш аз 74%-и интихобкунандагон овоз дода буданд. Соати 18-и вақти маҳаллӣ дар интихобот 3 млн. 515 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуданд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон зиёда аз 81%-ро ташкил дод.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозоа иттилоъ дод, ки натиҷаҳои ниҳоии иштироки интихобкунандагон имрӯз зимни брифинг эълон мегардад. Ҳамчунин имрӯз натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ низ эълон карда мешаванд. Тибқи маълумоти КМИР интихобот ба таври демократӣ, шаффофу кушода ва бидуни қонуншиканӣ сурат гирифт.

Ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ – 22 нафар ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ – 22 нафар вакилон интихоб карда мешаванд.

Барои курсиҳои вакилӣ дар маҷмӯъ 285 нафар номзадҳо (103 нафар – тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 182 нафар – аз ҳавзаҳои якмандатӣ, аз ҷумла ҳудуди 80 нафар тариқи худпешбарӣ) рақобат карданд. Миёни номзадҳо 30 нафарашон занон мебошанд.

Дар интихобот ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар – Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ) ҳизбҳое, ки аз шумори умумӣ зиёда аз 5% овозҳоро мегиранд, ба курсиҳо дар парлумон соҳиб мешаванд.

Дар мониторинги интихобот 528 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 1 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Ҷараёни интихоботро беш аз 100 нафар хабарнигорони васоити ахбори умуми расонаҳои хориҷӣ инъикос намуданд. Нозирон хулосаҳои худро имрӯз пас аз эълони натиҷаҳои пешакии интихобот аз ҷониби КМИР иброз медоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.