Намояндаи ҲСДТ аз натиҷаҳои интихобот дар Конибодом шикоят бурданист

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов изҳор намуд, ки аз натиҷаҳои интихобот ба парлумон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом шикоят бурданист. Ба гуфтаи ӯ, интихобот дар Конибодом таҳти корбурди мақомоти ҳокимияти давлатӣ сурат гирифта, то ҳол натиҷаҳои он эълон нашудаанд. «Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, баъди ҳисобу китоби овозҳои интихобкунандагон, комиссияи маҳаллӣ уҳдадор аст, ки натиҷаҳои […]

Аваз Юлдошев



Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов изҳор намуд, ки аз натиҷаҳои интихобот ба парлумон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом шикоят бурданист.

Ба гуфтаи ӯ, интихобот дар Конибодом таҳти корбурди мақомоти ҳокимияти давлатӣ сурат гирифта, то ҳол натиҷаҳои он эълон нашудаанд.

«Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, баъди ҳисобу китоби овозҳои интихобкунандагон, комиссияи маҳаллӣ уҳдадор аст, ки натиҷаҳои онро дар ҷойи намоён  овехта, ба мардум пешниҳод кунад, вале ин кор то ҳанӯз иҷро нашудааст. Ман кӯшиш кардам, ки бо раиси ҳавзаи интихоботӣ тамос гирам, вале ӯ дар Хуҷанд қарор дорад, то ки ба ҳукумати вилоят ҳисобот диҳад. Ҳукуматдорон огаҳ нестанд, ки раисони комиссияҳои интихоботӣ танҳо назди КМИР ҳисобот медиҳанд, на ба онҳо», – қайд кард Ҳакимов.

Номбурда таъкид дошт, ки тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ба ӯ касби ҳудуди 10%-и раъйҳо ва ба рақиби асосиаш аз ҲХДТ, полковники милиса Равшан Раҷабов ба даст овардани ҳудуди 70%-и овозҳои интихобкунандагонро нисбат медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.