ҲНИТ ва Ҳизби коммунист ба парлумон роҳ наёфтанд

Тибқи маълумоти пешакии КМИР Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтанд. Зимни брифинги имрӯза раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ аксари овозҳо – 65,2%-ро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон касб намуда, Ҳизби аграрӣ – 11,8%, Ҳизби […]

ASIA-Plus



Тибқи маълумоти пешакии КМИР Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтанд.

Зимни брифинги имрӯза раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ аксари овозҳо – 65,2%-ро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон касб намуда, Ҳизби аграрӣ – 11,8%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7,6% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 5,3%-и раъйҳоро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣи дар парлумони оянда 16 нафар – ҲХДТ, 3 нафар – Ҳизби аграрӣ, 2 нафар –  ҲИИТ ва 1 нафар – Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҲНИТ-ро 1,5%, Ҳизби коммунистро – 2,3%, Ҳизби демократро – 1,7% ва ҲСДТ-ро – 0,5%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ намудаанд.

Ба гуфтаи Шоҳиён, дар кишвар ба сурати умум 4 млн. 319 ҳазору 395 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, 3 млн. 791 ҳазору 827 нафарашон дар интихоботи мазкур ширкат варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон


маъракаи интихоботи парлумонӣ


баргузор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.