КМИР: Ду намояндаи ҲКТ дар ҳавзаҳои якмандатӣ ғолиб дониста шуданд

Ду намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аъзои ҲКТ Иброҳим Абдуллозода ва Ҷаббор Аҳмедов дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ғолиб дониста шуданд. Дар ҳамин […]

Аваз Юлдошев



Ду намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аъзои ҲКТ Иброҳим Абдуллозода ва Ҷаббор Аҳмедов дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ғолиб дониста шуданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов мегӯяд, Ҷаббор Аҳмедов ахири соли гузашта барои дағалона вайрон кардани оинномаи ҳизб аз сафҳои коммунистон хориҷ шуда буд.

Он замон Ҳизби коммунист Аҳмедовро ба худсарона азхудкунии мансаби роҳбари коммунистон дар Суғд айбдор карда буд.

«Собиқ раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абудллозода дар кори ҲКТ иштирок намекунад ва ман ӯро комуннисти қалбакӣ ном мебарам», – таъкид дошт Шабдолов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов