Анҷоми таҳияи созишномаҳои молии лоиҳаи CASA-1000

Таҳияи созишномаҳои молӣ ва сермиллии лоиҳаи CASA-1000 барои давраи аввал, ки ба амалиёт бо барқ ва интиқоли он марбут аст, ба итмом мерасад. Дар сомонаи расмии лоиҳа дар ин робита зикр мегардад, ки аз ин ба баъд марҳилаи сохтмон оғоз мегардад. «Ба ширкати ECODIT LLC. – паймонкори асосии Лоиҳаи USAID Energy Links, ки Котиботи CASA-1000-ро […]

Пайрав Чоршанбиев



Таҳияи созишномаҳои молӣ ва сермиллии лоиҳаи CASA-1000 барои давраи аввал, ки ба амалиёт бо барқ ва интиқоли он марбут аст, ба итмом мерасад.

Дар


сомонаи


расмии лоиҳа дар ин робита зикр мегардад, ки аз ин ба баъд марҳилаи сохтмон оғоз мегардад. «Ба ширкати ECODIT LLC. – паймонкори асосии Лоиҳаи USAID Energy Links, ки Котиботи CASA-1000-ро аз лиҳози техникӣ ва молӣ дастгирӣ мекунад, барои ивази Директори амалкунандаи иҷроияи Котибот дар марҳилаи сохтмон мутахассиси соҳибтаҷриба талаб карда мешавад», -гқайд мегардад дар иттилои сомона.

Шарҳ дода мешавад, ки ин вазифаи зинаи болоӣ дар бахши электроэнергетика аст, ки тамоми лоиҳаи сермиллӣ оид ба интиқоли нерӯи барқро роҳбарӣ мекунад ва баъди шурӯъи сохтмон вазифаи асосии Директори иҷроияи Котибот аз идоракунии ҷараёни сохтмони хат ва иншооти интиқоли барқ иборат хоҳад буд. «Аз ин рӯ, номзад ба ин вазифа аз таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи сохтмони хатти интиқоли барқ бояд бархӯрдор бошад», – омадааст дар хабари сомонаи лоиҳа.

Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки


барои маблағгузорӣ


ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Бевосита оғоз гардидани корҳои амалисозии лоиҳа моҳи июни соли равон дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.