Озмуни шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаҳо



Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаҳо дар дастгоҳи раиси пойтахт ва шуъбаву раёсатҳо

озмун эълон кард.

Қабл аз ҳама, ба раиси пойтахт ёвар талаб карда мешавад.

Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар дастгоҳи раиси пойтахт ба мутахассисон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои сардорони шуъбаҳои умумӣ ва протокол, муҳосибот ва хоҷагидорӣ, нақлиёт, истифодабарии роҳҳо ва коммуникатсия, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассисони шуъбаи кадрҳо, иқтисод, молия ва оянданигарӣ, нақлиёт, истифодабарии роҳҳо ва коммуникатсия, шуъбаи коммуналӣ-муҳандисӣ, шуъбаи таҳлил ва иттилоот, сармутахассисони шуъбаҳои тадорукот ва сохтмон ниёз доранд.

Ба иттилои манбаъ, ба ишғоли вазифаҳои роҳбарони шуъбаҳои умури дин ва танзими ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунуин сармутахассисони шуъбаи ҳуқуқ, раёсати кор бо занон ва оила низ озмун эълон шудааст.

Гуфта мешавад, озмун то 16 апрел идома ёфта, на дертар аз 23 апрел натиҷаҳои он ҷамъбаст карда мешаванд. Довталабон бояд дорои маълумоти олии таҳсилоти рӯзона бошанд.

spot_imgspot_img

Популярное