Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати шаҳрвандон Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов, ки ба узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъ дар кишвар – «Гурӯҳи 24» айбдор карда мешуданд, ҳукм содир намуд. Ҳар кадоме аз онҳо ба 16,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар доданд, айбдоршавандаҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 307, дараҷ. 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, дараҷ. 2, қ. 1 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, дараҷ. 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 187, қ. 1 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) гунаҳкор дониста шуданд.
Зимни қироати ҳукм судя Ҳотам Раҷабзода изҳор намуд, ки маҳкумшудагон ҳамроҳ бо муассиси «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ва мухолифи кунунии ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовулло ба нашру паҳн кардани маводи ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва видеохостинги YouTube машғул шуда, ҷавононро ба узвият дар ин гурӯҳи ҷинятпеша даъват мекарданд.
Бино ба иттилои
радиои «Озодӣ»
бо такя ба гуфтаҳои Хуршед Зикиров, адвокати Фарҳод Каримов, зерҳимояи ӯ эътироф кардааст, ки танҳо дар компютераш акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҷой додааст, аммо ба «Гурӯҳи 24» шомил нест.
Волидони Фарҳод Каримови 20-сола, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ даъват шуда буданд, бар ин назаранд, ки айбномаҳои пешниҳодшуда нисбати писарашон беасос аст ва танҳо як акси аз ҷониби ҳамсинфаш аз Русия ба ӯ ирсолшуда боиси ин мушкилот шудааст.
Волидони Фирдавс Муҳиддинови 25-сола зикр карданд, ки писари онҳо дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, танҳо як маротиба дар гирдиҳамойии аз ҷониби «Гурӯҳи 24» ташкилшуда дар шаҳри Новосибирск ҳузур доштааст, аммо баъди бозгашт ба ватан аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудааст.
Қобили зикр аст, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон
аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро
қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро, ки созмониҳандааш шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст,
ифротгаро эълон карда,
фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Умаралӣ Қувватов
рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд.



