Озмуни «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар»и «Созандагони Ватан»



Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар байни ҷавонони аз 18 то 30 сола таҳти унвони «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар» озмун эълон мекунад.

Тавре раиси ТҶҶ”Созандагони Ватан” Исфандиёр Абдураҳмонов хабар дод, дар озмун донишҷўён, журналистон ва соҳибкорону ҳунармандони ҷавон, ки ҳунари сухангўӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

«Мавзуъҳо озод буда, мазмуну муҳтавои он бояд фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бошад. Ба ҳар иштирокчӣ барои нишон додани маҳорат аз 3 то 8 дақиқа вақт дода мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, довталабон бояд дар бораи худ маълумотнома (бо иловаи расм, суроға, нусхаи шиноснома) ва мавзӯи баромадашонро тавассути почтаи электронии [email protected] ирсол ва ё ба Кохи Ваҳдат, ошёнаи 4-ум дастрас намоянд.

«Муҳлати пешниҳоди мавзӯъҳо то 30 марти соли 2015 муқаррар шуда, иштирокчиёни озмун аз 3 то 10 апрел ба суҳбат даъват мешаванд. Рўзи баргузории озмун иловатан эълон хоҳад шуд», – гуфт И.Абдураҳмонов.

Зимнан зикр гардид, ки ғолиби озмун бо 1700 сомонӣ, зинаи дуюм бо 1100 сомонӣ ва зинаи сеюм бо 700 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои архишманд қадрдонӣ шуда, ғайр аз ин ҷавонони соҳибистеъдод соҳиби Сертификат хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное