Густариши робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Миср


Рӯзи 15 марти 2015 дар Қоҳира дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо мудири Маркази мутолиоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср д-р Ҳишом ан-Нақиб баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар мулоқот масъалаҳои густариши бештари ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии кишвари мо ва Маркази мутолиоти дипломатии Қоҳира баррасӣ гардиданд.

Ёдрас карда мешавад, ки аз замони истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо нафар дипломати тоҷик дар давраҳои бозомӯзие, ки муассисаи мазкур созмон додааст, ширкат кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное