Ҷасади тоҷики дар сӯхтори Қазон ҳалокшуда ба ватан интиқол гардид

Ахиран бино ахбори ахири бадастовардаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дирӯз (13 март) дар шаҳри Казон ҷасади яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон Қосимҷон Тӯраеви 44-сола, сокини шаҳри Душанбе дар яке аз қабристонҳои пойтахти Тотористон ба хок супорида шуд. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бо истинод ба консули генералиии ҶТ дар Уфа Олимхон Шамсов […]

ASIA-Plus



Ахиран бино ахбори ахири бадастовардаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дирӯз (13 март) дар шаҳри Казон ҷасади яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон Қосимҷон Тӯраеви 44-сола, сокини шаҳри Душанбе дар яке аз қабристонҳои пойтахти Тотористон ба хок супорида шуд.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бо истинод ба консули генералиии ҶТ дар Уфа Олимхон Шамсов хабар дод, ин кор бо ризоияти волидайн ва наздикони  марҳум дар доираи шариати исломӣ сурат гирифтааст ва ҷанозаи ҷавони тоҷик пешнамози намози ҷумъаи масҷиди “Оила” -и шаҳри Қазон қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин, имрӯз ҷасади Ҳикматуллои Ҳаётуллохони 23-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ тавассути хатсайри ҳавоии Қазон-Душанбе, ки ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» иҷро мекунад, ба ватан ирсол гардид. Ҳароҷоти интиқоли ҷасадро ба пуррагӣ мақомоти ҳукумати Қазон бар дӯш гирифта, масъалаи интиқоли ҷасади ду тан шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Зимнан зикр гардид, ки Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа 

ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар шаҳри Қазон ва дигар 


мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия марги 4 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари сӯхтор дар фурӯшгоҳи «Адмирал»-и шаҳри Қазонро

тасдиқ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.