Омилҳои афзоиши талоқ дар Тоҷикистон (чандрасонаӣ)


Мавориди талоқ дар Тоҷикистон тайи соли 2014 назар ба як соли пеш 14,2 дарсад афзоиш ёфта, 9061 ададро ташкил додааст. Ин бори аввал аст, ки теъдоди оилаҳои пошхӯрда дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар марзи 9 ҳазорро убур мекунад.

«Дар ин муддат шумори сабтшудаи талоқ, ба ҷуз ВМКБ, дар ҳамаи манотиқи дигари Тоҷикистон бештар шудааст», – гуфт ба Хабаргузории “Азия-Плюс” сардори Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ

Абдувалӣ Қулов

.

Коршиносон сабабҳои афзоиши мавориди азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистонро умдатан ба муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, дахолати ноҷойи хешовандон ба ҳаёти оилавӣ, мушкилоти иқтисодиву камбизоатӣ, ҷангу ҷидол ва ҳамдигарнофаҳмӣ, хиёнати зан ё шавҳар, шаробхориву нашъамандӣ ва муқаддас надонистани оила марбут медонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ



Чӣ боиси хонавайронӣ мешавад?


Як хонуми 35-солаи сокини пойтахт

, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки баъд аз 13 соли ҳамзистӣ, дар пайи “рашки бемаъниву беасос”-и шавҳар бо ду фарзандаш аз ӯ ҷудо шудааст. «Ҳамин ки кор мебаромадам, фикр мекард, ки ман пеши “кадом шиносам” меравам. Дар ҳоле ки ӯро дар коргоҳ бо ҳама шинос карда будам. Вале нафаҳмид».

Ба гуфтаи ин хонум, дар тӯли ҳаёти муштарак шавҳараш ӯву фарзандонашро аз ҷиҳати молӣ хуб таъмин мекард ва феълан барои фарзандони худ ҳар моҳ 300 сомонӣ “алимент” месупорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Равоншиноси Маркази буҳронии “Боварӣ ба фардо”

Заррина Кенҷаева

, ки бештар ба омӯзиши вазъи оилавӣ, бавижа занон ва расонидани кӯмаки равонӣ ба онҳо сарикор дорад, мардонро сабаби асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон медонад. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” вай гуфт, асоси зиндагии ин гурӯҳи мардон оила нест, балки қонеъ кардани шаҳват аст: “Агар шеваи шаҳвату талаботи шаҳвонии мард аз зан сер шуда бошад, ӯ коре мекунад, ки падару модар ва хоҳараш ин занро аз дар пеш кунанд. Мардони мо булҳавас шудаанд. Онҳо шавқи ҳаминрӯзаро аввалиндараҷа медонанд». Зимни суҳбат вай ҳамчунин аз афзоиши теъдоди мардони ба истилоҳ “алфонс” дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ, «кӯшиш мекунанд аз ҷайби занон хӯранд».


Хонум Кенҷаева мегӯяд, аз шумори умумии муроҷиаткунандагон 20 дарсадашон мардон будаанд, ки теъдоде аз онҳо мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо равоншиноси дигари тоҷик

Марям Давлатова

, ки ҳамзамон коршиноси масоили гендерист, бо иддаои Заррина Кенҷаева дар ин хусус, ки мардон сабаби асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошанд, мувофиқ нест. Хонум Давлатова дар як суҳбати телефонӣ бо «Азия-Плюс» гуфт, ки масъулият бар дӯши ду нафар аст: «Одатан, мард ҳангоме ки бо зани худ суҳбат карда наметавонад, дар ҳолати сахти нороҳатӣ қарор мегирад. Аксари мардоне, ки ба ман муроҷиат мекунанд, мегӯянд: “ӯ маро намефаҳмад” ва воқеан ҳам зан он мардро намефаҳмад. Барои чӣ намефаҳмад? Зеро сатҳи донишҳо гуногун аст. Зеро мо занонро ҳам ба ҳаёти оилавӣ омода намекунем. Ин ҷавондухтаракон намедонанд, ки бо шавҳар чӣ гуна муносибат кардан даркор аст, чӣ гуна ниёзҳои равонӣ дорад. Бо як пухтани хӯроки бомазза, нигоҳ доштани хона дар тозагӣ, талаботи инсонии он мард қонеъ намешавад».

Ба ақидаи 

ин равоншинос

, мушкилот дар нарасидани маърифати оиладорӣ, надонистани роҳҳои бунёд кардани муносибат аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Коршиноси масоили иҷтимоӣ 


Ҷовид Икромов

дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, паёмадҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, бесаробон мондани занону фарзандон ва талоқ бо ирсоли паёмакҳои телефонӣ имрӯз мушоҳида мешаванд. Ба қавли ӯ, Хадамоти муҳоҷират ба афзоиши шумори муроҷиаткунандагон аз оилаҳои муҳоҷирон бо дархости иҷборан бозгардонидани шавҳаронашон ба Ватан аз Русия, Қазоқистон ё Белорус ва ё ситонидани “алимент” аз онҳо таъкид мекунанд. Вале мақомот ба далели набудани фишангҳои ҳуқуқӣ наметавонад ба онҳо кӯмак расонад. 

«Масъалаи занону кӯдакони бесаробон боиси ба вуҷуд омадани душвориҳои дигар мешавад. Уҳдадориҳои нав, мушилоти иқтисодӣ, сатҳи пасти дониш ва шароити тоқатфарсои занон боиси густариши фоҳишагиву худкушӣ миёни бонувон дар Тоҷикистон шудааст», – афзуд Икромов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вале Марям Давлатова дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ ба унвони як омили азҳампошии оилаҳо гуфт: «Ман ба ин андеша розӣ нестам, ки муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад як омил бошад. Муҳоҷират фақат нишондиҳанда аст. Зеро марду зане, ки оиларо бунёд кардаанд, масъулияти онро медонанд ва барои нигоҳ доштанаш кӯшиш мекунанд. Барои онҳо муҳоҷират халал намерасонад. Мардҳое ҳастанд, ки натанҳо маблағи хуб равон мекунанд, балки дар давоми сол 2-3 бор омада, оилаҳояшонро хабар мегиранд, мушкилоте бошад, бартараф мекунанд. Вале он мардҳое, ки саркашӣ мекунанд, масъулиятро дарк накарда, гурехтан ба муҳоҷиратро яке аз роҳҳои халосӣ аз мушкилоти оиладорӣ медонанд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон

Акбар Субҳонов

, ходими пешбари илмии шуъбаи демографияи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи улуми ҶТ, сабаби афзоиши мавориди азҳампошии оилаҳоро ба гум шудани арзиши оила ва кам будани “алимент”-и кӯдакони ноболиғ марбут медонад. «Таҳқиқоти мо нишон дод, ки аксари ҷавонон барои барпо кардани оила ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ омода нестанд. Яке аз сабабҳои дигари талоқ паст будани “алимент” аст. Дар таҷриба ҳаст, ки масалан 40 сомонӣ медиҳанд, 80 сомонӣ медиҳанд, аммо барои марде, ки дар Русия ё Тоҷикистон гаштааст, пардохти 40 сомонӣ дар ҳамин рӯзҳо чизе нест. Баъдан модар чӣ кор мекунад? Азбаски 3-4 кӯдак дорад, вай муҳтоҷ аст, ки ба хонаи волидайн баргардад. Дар ин ҷо мушкилот пайдо мешавад, чунки дар Тоҷикистон оилаҳо бисёрфарзанд мебошанд. Масалан, имрӯз теъдоди аъзои як хонавода дар Тоҷикистон ба 6-7 нафар мерасад. Тасаввур кунед, вақте зан бо ду кӯдак гашта омад, чӣ қадар мушкилоти иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ба миён меояд ва ин омил дар натиҷа боиси муҳоҷирати худи модарон ба Русия ва дигар кишварҳо мешавад», – гуфт коршинос.

Ба иттилои 

Субҳонов

, дар асоси натоиҷи таҳқиқоти илмию демографӣ, 7 соли аввали оиладорӣ давраи бисёр нозук аст ва то пушти сар шудани ин марҳила, яъне таваллуди фарзандон ва нигоҳубини онҳо, тақсими вазифаҳо ва пайдо шудани ҳамдигарфаҳмии навхонадорон, барои таъмини суботи оила волидайн ҳам бояд мусоидат кунанд.



Ҳамсарони дуюму сеюм берун аз омор

Дар солҳои охир масъалаи талоқ ба як амри одӣ табдил шуда, зоҳиран ҷомеа, ба фарқ аз замони Шӯравӣ, чандон майл ба маҳкум кардани он надорад. Бино ба оморҳои мавҷуд, соли 2004 дар Тоҷикистон шумори талоқҳои расман сабтшуда 2600 ададро ташкил дода буд ва дар тӯли солҳои баъдӣ ин рақам ба таври муназзам афзоиш ёфта, ба зиёда аз 9 ҳазор дар соли 2014 расид. Ин омор мавориди азҳампошии оилаҳое, ки дар мақомоти давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифта нашудаанд ва ҳам занони талоқшудаеро, ки бар хилофи қавонини дунявӣ ҳамсари дуюму сеюм мешаванд, дар назар надорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қаблан шумори мавориди талоқ дар Тоҷикистон марзи 7 ҳазорро танҳо як дафъа ва он ҳам дар соли 1991 – соли аввали соҳибистиқлолии кишвар убур карда буд. Дар соли 1992 – оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон – низ омори талоқ ҳамчунон баланд буд (6500), вале ин рақам тадриҷан то 2300 ҳолат дар соли 2002 коҳиш ёфт ва баъдан рӯ ба афзоиш ниҳод. Сабаби коҳиши мавориди талоқ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудани теъдоди зиёди мардум, бавижа мардон ва ҳам фалаҷ шудани ниҳодҳои давлатии масъули назорати ин раванд арзёбӣ мешавад.



Нигаронии давлат

Айни замон масъалаи азҳампошии хонаводаҳо дар кишвар то ҳадде нигаронкунанда аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

дар зарфи се моҳи ахир дар ду ҷаласаи расмӣ ба он ишора ва аз мақомоти дахлдор тақозо кардааст, ки барои пешгирии афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои муассир андешанд. Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии ҶТ (23.01.2015) ва дар суханронияш ба муносибати Рӯзи модар (06.03.2015) сабаби ҷудо шудани оилаҳоро пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона арзёбӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод сохт, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон гардида, барои огоҳӣ ёфтани ҷавонони оянда аз асосҳои зиндагӣ ва омода шудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо роҳи ҷорӣ кардани фанни “Маърифати оиладорӣ” ба шогирдон тадбири манзил ё рӯзгордорӣ таълим дода шавад.



Оё талоқ аз тариқи паёмак равост?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, заноне, ки аз шавҳар ҷудо мешаванд, ҳуқуқи дуниявию шаръии худро намедонанд ва баъд аз талоқ шудан ба ҷое ҳам шикоят намебаранд. «Аз ҳамин лиҳоз, нафароне, ки ба ин мушкилӣ гирифтор мешаванд, беҳтар аст ба ҷойҳои дахлдор муроҷиат кунанд, аз ҳуқуқи дунявию динии худ огаҳӣ ёбанд. Вақте ки чунин хоҳарон ба Раёсати фатвои Маркази исломӣ муроҷиат мекунанд, мо ҳуқуқи онҳоро аз нигоҳи динӣ фаҳмонда медиҳем, ки зан ҳарчанде агар талоқ ҳам шуда бошад, ба муҷарради талоқ набояд аз хонаи шавҳар кӯч бубандад, чунки вай идда дорад ва иддаи ӯ бояд дар хонаи шавҳар сипарӣ шавад. То замони тамом шудани идда, шавҳар вазифадор аст, ки занро бо маскан, хӯрок, пӯшок, ҳамаи он чизҳое, ки дар давоми пойдор будани никоҳ вуҷуд дошт, таъмин кунад. Қисмати зиёди занони талоқшуда маълумоти олӣ надоранд, вале дар миёни бонувон занони фарҳангӣ ё зиёӣ ва соҳибмаълумот низ ҳастанд, ки бо талоқ рӯ ба рӯ мешаванд, зеро ин табиати башарӣ аст. Аммо тафовут ин аст ки занҳои таҳсилдида ҳуқуқи худро хуб медонанд ва аз онҳо истифода ҳам мекунанд», – гуфт Хомӯшӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар робита ба талоқ тавассути ирсоли паёмаки телефонӣ намояндаи Раёсати фатво чунин изҳор дошт: «Мавқеи дақиқи Маркази исломӣ дар мавриди талоқ бо истифода аз паёмакҳо ин аст: агар худи паёмакнавис иқрор кунад, ки ҳамин паёмакро ӯ навиштааст ва ба ин паёмаки навиштааш розӣ аст, агар мункир нашавад, ҷойи баҳс надорад. Вале агар инкор кунад, ки: “паёмакро ман нанавиштаам, эҳтимол дорад, ки сохтаи ягон нафари ғаразнок бошад”, аз ин нуқтаи назар талоқ воқеъ намешавад».

Бино ба иттилои Хомӯшӣ, 575 шаҳрванд дар давоми соли 2014 ба Маркази исломии Тоҷикистон оид ба масоили гуногуни хонаводагӣ, ибодатӣ ва эътиқодии худ муроҷиат кардаанд. «Аз ин шумор 72 нафар оид ба хатти талоқ пурсиданд, хусусан, нафароне, ки шавҳаронашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, муддати 7 сол, 10 сол ва баъзеашон қариб то 14 сол аз ҳамсару фарзандони худ суроғ накардаанд», – афзуд ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное