Афзоиши содироти нахи пахта сарфи назар аз нархи пасти он

Сарфи назар аз поинравии назарраси нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, соли равон содироти он аз Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 20 ҳазор тонна нахи пахта (ду моҳи аввали соли 2014 – каме бештар аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Сарфи назар аз поинравии назарраси нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, соли равон содироти он аз Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 20 ҳазор тонна нахи пахта (ду моҳи аввали соли 2014 – каме бештар аз 16 ҳазор тонна) содирот шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 24% зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ICAC (Кумитаи байнулмилалии машваратӣ оид ба пахта), тайи соли ахир нархи пахта 24% коҳиш ёфта, дар ин робита тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта ҳамагӣ 26 млн. доллари ИМА даромад ба даст овардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2014 ба миқдори 7,5% камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар соли 2012 – 144 ҳазор тонна, соли 2013 – 114,5 ҳазор тонна ва соли 2014 – ҳамагӣ ҳудуди 87 ҳазор тонна нахи пахта содирот гардидааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, соли 2014 дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, дар маҷмӯъ наздики 373 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,1% камтар аст.

Соли гузашта майдони кишти пунбадона дар кишвар тақрибан 14 ҳазор гектар кам шуд. Аз пахтакорӣ даст кашидани фермеронро дар Вазорати кишоварзӣ дар навбати аввал ба гузаштан ба кишти зироати гуногун дар бахши кишоварзӣ нисбат медиҳанд. «Дар кишти зироат кишоварзони мо озод буда, сол то сол хоҷагиҳои чорводориву паррандапарварӣ дар кишвар зиёд мешаванд ва табиист, ки қисмате аз заминҳо барои кишти зироати хӯроки чорво ва ғалладонагӣ истифода мешавад, то ки талаботи чунин хоҷагиҳо қонеъ гардонида шавад», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Ҳамчунин дар Вазорат зикр карданд, ки ҳар сол арзиши нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш меёбад, ки инро ҳам метавон яке аз сабабҳои аслии ба пахтакорӣ майл надоштани деҳқонони тоҷик унвон кард.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо он хоҷагиҳое ба киштикори пунбадона машғуланд, ки аз лиҳози моддиву молӣ аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта ва ташкилотҳои фючерсӣ дастгирӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.