Дар куштори Умаралӣ Қувватов гумонбаршудаи асосӣ муҳофизи ӯро айбдор мекунад

Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов изҳор доштааст, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии Hurriyet , гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот додааст. Тибқи иттилои манбаъ, Қаюмов ҳамаи айбномаҳои ба хӯрок заҳр андохтан қабл аз дар кӯча парронидани […]

Меҳрангез Турсунзода



Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов изҳор доштааст, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии


Hurriyet


, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Қаюмов ҳамаи айбномаҳои ба хӯрок заҳр андохтан қабл аз дар кӯча парронидани Қувватовро рад кардааст.

«Инро ман накардаам. Муҳофизаш (телохранитель) ба ӯ заҳр дод. Ҳангоми куштанаш ман шоҳид набудам. Шахсе, ки маро баъди куштор пайдо кард, ба ман гуфт, ки бигрезам. Аз ин рӯ, ман билет гирифта ба Алмаато парвоз кардам, вале пулиси Қазоқистон вуруди ман ба ин кишварро иҷозат надода, дубора ба Туркия фиристод», – гуфтааст Қаюмов.

Нашрия хабар медиҳад, ки Суҳроб Тӯраев, муҳофизи Умаралӣ Қувватов баъди аз болои қарори суд даъво бурдан аз ҳабс озод карда шуд. Сулаймон Қаюмов барои узвият дар гурӯҳи ҷиноятпеша ва барқасдона даст задан ба куштани одам дар ҳабс қарор дорад.

Мақомоти пулиси Туркия ба ҷустуҷӯи шахсе, ки он шаб Умаралӣ Қувватовро аз силоҳ парронида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, идома медиҳад.

Қаблан дар бораи 

боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон

 ба гумони даст доштан дар куштори Қувватов иттилоъ дода шуда буд. То имрӯз 2 нафарашон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист то анҷоми тафтишот озод гардида, С.Қаюмов дар ҳабс қарор дорад.

Санаи 12 март шӯрои сиёсии созмони «Гурӯҳи 24» расман эълом дошт, ки Шарофиддин Гадоев вориси Умаралӣ Қувватов ва Собир Валиеви 27-сола муовини ӯ таъин шуданд.

Раиси тозаинтихоби «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев изҳор доштааст, ки баъди интишори изҳороти шӯрои сиёсии созмон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ модари Собир Валиев – Сайбибӣ Раҷабоваро барои суҳбат даъват кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

  Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.