Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар назди Осоишгоҳи «Баҳористон»

Санаи 25 март дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори “Баҳористон” фаъолият мекунад. Корхона иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди онҳо истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад. Бино […]

ASIA-Plus



Санаи 25 март дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори “Баҳористон” фаъолият мекунад. Корхона иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди онҳо истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз  ҷумла маҳсулоти гӯштӣ (аз он ҷумла гушти моҳи ва парранда), қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.

Ин корхона дар масоҳати умумии 0,55 га бунёд ёфта,  аз 3 коргоҳи алоҳида барои  коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст. Он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 4 тонна ашёи хом ва нимтайёрро коркарда намуда, маҳсулоти бозоргири хурокворӣ истехсол кунад.

Барои назорати сифати ашё ва ҳолати санитарию эпидемиологии маҳсулот корхона худ озмоишгоҳи муосир дорад.

Барои нигаҳдории ашё мувофиқи талаботи стандартҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона 4 адад анбор барои нигаҳдории то 70 тонна сабзавот, 7 яхдон бо ҳарорати сифр дараҷа барои то 100 метри мураббаъ маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва ғайра мавҷуд аст.

Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин муҷаҳҳаз карда шудааст.

Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои қонеъ гардонидани талаботи Осоишгоҳи “Баҳористон”, маркази солимгардонии  кӯдакону наврасони “Шоҳин” ва ҳамчунин ба бозор пешниҳод карда мешавад.

Миқдори кормандон то 30 нафар буда, аз ҳисоби ҳайати кории осоишгоҳи  Баҳористон сафарбар карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти хӯрокӣ таваҷҷуҳи хос зохир карда шавад ва таъкид дошт, ки озукавории бесифат ба саломатии инсон таъсири зиёди манфӣ дошта, истеъмолӣ он ба муддатҳои дароз ҳатто ба генофонди миллат зиён меоварад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.