Омодагии Кувайт ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Рӯзи 23 марти соли 2015 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири молия ва Раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Халифа Мусоид ал-Ҳамода баргузор гардид.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва рушди ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23 марти соли 2015 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири молия ва Раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Халифа Мусоид ал-Ҳамода баргузор гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт табодул сурат гирифта, халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд ва барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Кувайтиро иброз намуд. 

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Интизор меравад, ки ҷаласаи дуюми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Давлати Кувайт гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.