Иштироки нозирон аз Тоҷикистон дар интихоботи президенти Ӯзбекистон

Панҷ нафар намояндагони Тоҷикистон, ки дар маъракаи интихоботи санаи 29 марти президенти Ӯзбекистон ба сифати нозирон иштирок мекунанд, ба шаҳри Тошканд рафтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати нозирони тоҷик дар ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя аз ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов, узви КМИР […]

Аваз Юлдошев



Панҷ нафар намояндагони Тоҷикистон, ки дар маъракаи интихоботи санаи 29 марти президенти Ӯзбекистон ба сифати нозирон иштирок мекунанд, ба шаҳри Тошканд рафтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати нозирони тоҷик дар ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя аз ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов, узви КМИР ҶТ Мамадёр Раҷабов, муовини сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Суҳроб Олимзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов ва котиби матбуотии КМИР Тоҷикистон Фирдавс Табаров иборат аст.

Дар маъракаи интихоботии мазкур чор номзад – аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон президенти кунунӣ Ислом Каримов, аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон раиси Шӯрои марказии ин ҳизб Ҳотамҷон Кетмонов, аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон раиси Шӯрои сиёсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб Наримон Умаров ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон узви фраксия дар парлумон Акмал Саидов ба мансаби президентӣ дар Ӯзбекистон довталабӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.