Нашри аксҳои қотилони эҳтимолии Қувватов

Ду нашрияи Туркия рӯзи 25 март аксҳои афроди гумонбар аз ҷониби мақомоти пулиси Истамбул ба қатли пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ба нашр расониданд. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» нашрияҳои «Sabah» ва «Aksam»  аксҳо аз камераҳои мушоҳидаҳои видеойӣ бо сабти қотилони эҳтимолии Қувватовро чоп кардаанд. Хабаргузории туркии « Аксам » санаи 25 март бо […]

ASIA-Plus



Ду нашрияи Туркия рӯзи 25 март аксҳои афроди гумонбар аз ҷониби мақомоти пулиси Истамбул ба қатли пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ба нашр расониданд.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

нашрияҳои «Sabah» ва «Aksam»  аксҳо аз камераҳои мушоҳидаҳои видеойӣ бо сабти қотилони эҳтимолии Қувватовро чоп кардаанд.

Хабаргузории туркии «

Аксам

» санаи 25 март бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ному насаби қотилони эҳтимолии пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ифшо намуд. Аз онҳо Суҳроб Г. ва Баҳодур А. ном бурда мешавад. Ҳардуи онҳо баъди чанд рӯзи ҳодисаи куштор боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, Баҳодур А. ва Сӯҳроб Г. ҳанӯз ду ҳафта қабл аз куштори Қувватов дар кӯчаи Раҳмет Чикмаз дар маҳаллаи Мулло Гӯронии ноҳияи Фотиҳи Истамбул дар ҳамсоягии Сулаймон Қ. (зоҳиран ин Сулаймон Қаюмов – гумонбари асосӣ дар парвандаи қатли раҳбари “Гурӯҳи 24”  мебошад– Озодӣ) манзил иҷора гирифта будаанд ва бахши зиддитеррори пулиси Истамбул, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи парвандаи қатли Қувватовро бар ӯҳда дорад, аллакай маълум кардааст, ки онҳо бо Сулаймон Қаюмов робитаи наздик доштанд ва Қаюмов, тавре ташхиси изи ангуштон дар манзили Баҳодур А. ва Сӯҳроб Г. нишон дод, чандин бор дар ин манзил меҳмон шудааст.

Манобеи “Sabah”  ва “Aksam” дар пулиси зиддитеррор ҳамчунин гуфтаанд, ки камераҳои назоратӣ дар маҳалли қатли раҳбари мухолифини тоҷик дар маҳаллаи Мулло Гӯронӣ Сӯҳроб Г. ва Баҳодур А.-ро ҳангоми фирор мунъакис кардаанд. Ҳамчунин бо таъқиби биллинги зангҳои задаи Сулаймон Қаюмов пулис маълум карда, ки баъди кушта шудани Қувватов ӯ чанд дафъа маҳз бо ҳамин ду нафар тамос гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов 

изҳор дошт

, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии 

Hurriyet

, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.

Пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

  Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.