Табрикоти наврӯзии Бемористони Ибни Сино

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб, Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб! Мо, кормандони Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино омади баҳори пурфайз ва хушпайкро ба кулли ҳамватанон муборак гуфта, хоҳони саломатӣ, сарбаландӣ ва иқболу бахти некатон ҳастем! Бо он байти бузургвор пири панҷрудӣ оғоз кардем ва бо ин абёти дигараш хоҳони шоду хушнуд буданатон  дар […]

Иттилоияи расмӣ



Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,


Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб!

Мо, кормандони Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино омади баҳори пурфайз ва хушпайкро ба кулли ҳамватанон муборак гуфта, хоҳони саломатӣ, сарбаландӣ ва иқболу бахти некатон ҳастем!

Бо он байти бузургвор пири панҷрудӣ оғоз кардем ва бо ин абёти дигараш хоҳони шоду хушнуд буданатон  дар ин рӯзҳои чашни иди бостонии муқаддаси ниёгон – Наврӯзи хуҷастапай мебошем! Бигзор дар ин  сол нишоту тараб меҳмони доимии хонадонатон бошад!

Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб ту бизан рӯд,

То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.

Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,

Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост.


Рӯзи Нав,  Соли Нав муборак, дустони азиз!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.