Барқияи тасаллияти Э.Раҳмон ба кантслери Олмон ва шоҳи Испания

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар қаламрави Фаронса ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел ва Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар қаламрави Фаронса ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел ва Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «бо андӯҳи бузург хабари суқути фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар ҷануби Фаронсаро, ки боиси марги теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари Шумо ва дигар мусофирон гаштааст, дарёфт намудам».

«Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Олмон ва Испания баён намуда, хоҳишмандам тасаллиёти самимии моро ба наздикон ва пайвандони фавтидагон лутфан бирасонед», – омадааст дар барқия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.