Суғд: Пешгирии воридоти ғайриқонунии нуриҳои минералӣ

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, воситаҳои нақлиёти кишвари ҳамсояи Қирғизистон барои муоинаи гумрукӣ боздошт шуданд. Бино ба иттилои дафлатри матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тафтишот муайян намудааст, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур нуриҳои минералии намуди «селитра» ба миқдори 24 ҳазор кг ва намуди «карбамид» ба миқдори 96 […]

ASIA-Plus



Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, воситаҳои нақлиёти кишвари ҳамсояи Қирғизистон барои муоинаи гумрукӣ боздошт шуданд.

Бино ба иттилои дафлатри матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тафтишот муайян намудааст, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур нуриҳои минералии намуди «селитра» ба миқдори 24 ҳазор кг ва намуди «карбамид» ба миқдори 96 ҳазор кг истеҳсоли Ҷумҳурии Узбакистон дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, молҳои мазкур ба Мирфаёз Муқумов, сокини 31-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сокини шаҳри Истаравшан ва Абдусалом Абдушукуров тааллуқ дошта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии кишвар бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни пардохтҳои гумрук и ворид шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрвандони номбаршуда бо моддаи 289 қ.1 КҶ ҶТ парванда оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.