Пулиси Туркия ному насаби қотилони эҳтимолии Қувватовро ифшо намуд

Хабаргузории туркии « Аксам » бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ному насаби қотилони эҳтимолии пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ифшо намуд. Аз онҳо Суҳроб Г. ва Баҳодур А. ном бурда мешавад. Ҳардуи онҳо баъди чанд рӯзи ҳодисаи куштор боздошт шудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , қатли Умаралӣ Қувватов муташаккилона […]

ASIA-Plus



Хабаргузории туркии «


Аксам


» бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ному насаби қотилони эҳтимолии пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ифшо намуд. Аз онҳо Суҳроб Г. ва Баҳодур А. ном бурда мешавад. Ҳардуи онҳо баъди чанд рӯзи ҳодисаи куштор боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои

хабаргузории TojNews

, қатли Умаралӣ Қувватов муташаккилона сурат гирифта, Сулаймон Қаюмов низ бо нафароне, ки ӯро ба қатл расондаанд, ҳамдастӣ доштааст.

TojNews бо истинод ба хабаргузории туркӣ менависад, натиҷаи тафтишот муайян кардааст, ки ду нафар нишонгир дар кӯчаи пушти хонаи Сулаймон Қаюмов иҷоранишин буда, дар яхдони онҳо изи ангуштони Сулаймон пайдо шудааст ва ин гувоҳи он аст, ки сӯиқасд муташаккил буда, онҳо дар якҷоягӣ амал кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов 

изҳор дошт

, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии 

Hurriyet

, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.

Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

  Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.