Ҳалокати духтари 14-солаи тоҷик дар Миср

Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, бар асари шиканҷа ва таҷовуз ба номус ба ҳалокат расид. Сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зодаи Душанбе Сумайя Раҳматова рӯзи 28 март барои харидории шириниҳо аз мағозаи назди манзили […]

ASIA-Plus



Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, бар асари шиканҷа ва таҷовуз ба номус ба ҳалокат расид.

Сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зодаи Душанбе Сумайя Раҳматова рӯзи 28 март барои харидории шириниҳо аз мағозаи назди манзили зисташон аз модараш иҷозат пурсида, аммо ба гуфтаи модараш, агар ӯ ҳамеша баъди гузашти 10-15 дақиқа аз мағоза бармегаштааст, ин дафъа аз он ҷо баъди 2 соат баргаштааст.

«Тамоми сарулибоси ӯ ба хун олуда буд. Духтар сухане ба забон оварда натавониста, гиря мекардааст ва ҳамеша бо ангуштонаш рақами «се»-ро нишон медодааст. Пас аз гузашти 20 дақиқаи ба манзил расидан ӯ дар дастони модараш ҷон додааст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Атоев, моҳи июни соли 2014 Сумайя ҳамроҳи модар ва се бародараш ба Миср рафта, дар манзили иҷора дар Қоҳира зиндагӣ мекардаанд. Падарашон дар Русия, дар яке аз ширкатҳои шаҳри Красноярск кор карда, ҳар ду моҳ аз аҳволи оилааш дар Миср хабар мегирифтааст.

«Ҳодисаи мазкур таҳти назорати ҷиддии сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира қарор дорад. Мақомоти пулиси Қоҳира якчанд нафар афроди гумонбарро боздошт намуда, тафтишот идома дорад», – қайд кард Атоев, вале аз сабабҳои марги духтари ноболиғ ҳарфе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Миср, мақомоти пулиси ин кишвар қаблан дар бораи таҷовуз ба номус ва куштори духтари 14-солаи тоҷик иттилоъ дода буд. Тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки то марг духтар мавриди таҷовуз ва шиканҷа қарор гирифтааст. Мақомоти пулис итминон додаанд, ки барои ошкор сохтани сабабҳои марги духтари тоҷик ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.