КҲФ Русия 17 нафар тоҷикистониёнро аз Яман баровард

Ҳавопаймои Русия бо 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбе аз Санъо парвоз карда буд, баъди ист барои сӯзишворӣ дар Қоҳира шоми рӯз ба Маскав фуруд омад. Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳавопаймои дуюми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ дирӯз аз Санъо ба самти Маскав парвоз карда, дар дохили […]

ASIA-Plus



Ҳавопаймои Русия бо 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбе аз Санъо парвоз карда буд, баъди ист барои сӯзишворӣ дар Қоҳира шоми рӯз ба Маскав фуруд омад.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳавопаймои дуюми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ дирӯз аз Санъо ба самти Маскав парвоз карда, дар дохили он боз 10 шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

«Ин маълумотро сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ низ тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ, айни замон 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман бароварда шуда, қисмати зиёди шаҳрвандони мо рӯзи 4 апрел тариқи ҳавопаймои КҲФ Русия аз Яман хориҷ карда мешаванд», – қайд кард Эгамзод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ситоди сафорати ҶТ дар Русия таҳти роҳбарии Ашраф Гулов то аз Яман берун бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон реҷаи навбатдории аъзои ситод ташкил шудаааст. «Навбатдорони ситод бо маркази буҳронии Вазорати корҳои хориҷии Русия доимо дар робита мебошанд», – афзуд намояндаи расмии сафорат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.