Имзои 4 санади нав оид ба муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия

Нимаи дуюми рӯзи 2 апрели соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Рушди шарикии стратегӣ бо Русия […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 2 апрели соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Рушди шарикии стратегӣ бо Русия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст”.

Доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд.

Чунонки зикр гардид, 4 санади нав миёни ду кишвар омода шудааст, ки бо ба имзо расидани онҳо бисёр мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бартараф мешаванд.

Бо изҳори қаноат аз он, ки наздики 30% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия сурат мегирад, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мушкилоте низ вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли худро мунтазиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.