Дастаи ДТТ ғолиби мутлақи маҳфили ҳозирҷавобони Осиёи Марказӣ

Бо даъвати лигаи олии Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистон бори нахуст аз Тоҷикистон дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Кубоки баҳорӣ»-и ин кишвар иштирок кард. Тавре Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуотии донишкада хабар дод, ба ин чорабинӣ, ки чун мусобиқаи осиёимиёнагии маҳфили ҳозирҷавобон байни муассисаҳои олӣ маҳсуб меёбад, 22 дастаи […]

ASIA-Plus



Бо даъвати лигаи олии Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистон бори нахуст аз Тоҷикистон дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Кубоки баҳорӣ»-и ин кишвар иштирок кард.

Тавре Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуотии донишкада хабар дод, ба ин чорабинӣ, ки чун мусобиқаи осиёимиёнагии маҳфили ҳозирҷавобон байни муассисаҳои олӣ маҳсуб меёбад, 22 дастаи дигар аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ даъват шуда бданд.

Санаи 29 март дар қасри варзишии шаҳри Бишкек дар ҳузури беш аз 5 ҳазор нафар тамошобинон донишҷӯёни донишкада маҳорати баланди ҳунари актёрӣ, зарофатгӯӣ ва сарояндагӣ нишон дода, дар ҷамъбаст ғолиби мутлақ ва сазовори Ҷоми Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистонро ба даст оварданд. Ҳамзамон 17 дастаи дигар ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Сарвари кулли Маҳфили ҳозирҷавобони Ҷумҳурии Қирғизистон Евгений Акопян дар ҷамъбаст ба ҳунарнамоии донишҷӯёни тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, қайд кард, ки ягон қувва пеши роҳи дӯстии байни миллатҳоро намегирад ва имрӯз ин чорабинӣ бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд. Мавсуф ба фаъолияти донишҷӯёни донишкада барор хоста, онҳоро ба озмуни навбатӣ, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Исиқкӯли ин ҷумҳурӣ барпо мегардад, даъват намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.