Раҳимзода минтақаҳои «содиркунанда»-и ҷангиён аз Тоҷикистонро номбар кард

Зимни суханронӣ дар семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зиддӣ ифротгароӣ» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки айни замон дар давлати Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок доранд. Бино ба иттилои маркази матбуоти […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зиддӣ ифротгароӣ» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки айни замон дар давлати Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок доранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ӯ қайд кардааст, ки теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд.

«Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015,  144 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии  Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир карда шуданд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати 34 нафари дигар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карда шудааст», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, аксар он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд.

Вазир изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада дар баробари ба гирдоби  ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. «Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд нафар занону духтарон гирифта шуд», зикр кард Раҳимзода.

Ӯ таъкид дошт, ки гарчанде дар Тоҷикистон ба хотири амнияту осоиштагӣ ва ободию шукуфоӣ фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо тибқи қонун манъ шуда бошад ҳам,  ҷои таасуф аст, ки ҷавонони моро гурӯҳҳои ифротгаро бо ваъдаи маблағҳои ночизе, ки ба ивази ҷони онҳо дода мешавад, гумроҳ менамоянд. «Дар ду соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  чандин далели гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ муайяну ошкор карда шуданд», – қайд кард вазир.

Тибқи таҳлилҳои ВКД,  шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар вилояти Суғд аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт бештар ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор Шаҳринав ва Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.