Русия ва Тоҷикистон Афғонистонро бо троллейбусҳои «ТРОЛЗА» таъмин карданианд

Нимаи дуюми рӯзи 2 апрел дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин, роҳбарони ширкатҳои ҶСП «Тролза» Сергей Ключарев ва ҶСП «Электротехническая компания «Плутон» Александр Савостьянов, ҳамчунин директори генералии КВД «Насби нақлиёти барқӣ ва велосипед» Ф.Саидов баргузор гардид. Бино […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 2 апрел дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин, роҳбарони ширкатҳои ҶСП «Тролза» Сергей Ключарев ва ҶСП «Электротехническая компания «Плутон» Александр Савостьянов, ҳамчунин директори генералии КВД «Насби нақлиёти барқӣ ва велосипед» Ф.Саидов баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот мухокима оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи мошинсозӣ ҷиҳати ҷамъу васл кардани троллейбусҳо ва минбаъд тақвили онҳо ба Ҷумҳурии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 Гуфта мешавад, дар тақвияти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҷонибҳо оид ба роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ибрози ақида намуда, аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин омодагӣ изҳор намуданд, ки ба идомаи раванди мусбии робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Русия рушди нав бахшида, ба муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму густариш мебахшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.