Ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои афзояндаи дуздӣ, мусоидат ба бозгардонидани ҷавонон аз Сурия ва дигар кишварҳои даргир, осон кардани раванди дарёфти шиноснома, таъмини шароити корӣ ба нозирони минтақавии милиса аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки сокинони вилояти Хатлон роҳи ҳалли онҳоро аз Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода тақозо карданд.
Дар нахустин қабули сайёри вазир, ки рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Қӯрғонтеппа сурат пазируфт, арзу дод ва пешниҳоду дархости беш аз 100 сокини вилояти Хатлон шунида шуд. Аксари кулли муроҷиатгарон зимни суҳбат бо вазир мушкилот ё дархости шахсиии худро матраҳ карданд. Раҳимзода чанд гурӯҳи шаҳрвандонро бидуни ҳузури хабарнигорон ба ҳузур хонд, ки муҳтавои мулоқоташон низ эълон нашуд.
Назокат Қосимова
, яке аз масъулони идораи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо такя ба иттилои манобеи расмӣ гуфт, ки ҷинояткории бонувон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. «Таҳлилҳо нишон доданд, ки гоҳе занон аз нофаҳмӣ ҷиноят содир мекунанд. Майдаавбошӣ ё дигар ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиашон начандон вазнин кардаанд. Нисбаташон парвандаҳо оғоз ва муҳри «ҷинояткор» ба онҳо зада шуд. Ҳол он ки зани тоҷик аз азал бо одобу рафтори баланду муътадилаш фарқ мекард. Пешниҳодам ин аст, ки ходимони милитсия дар сурати бори аввал қонунвайронкунӣ ё ҷиноят содир кардани зан, агар он вазнину хавфнок набошад, корҳои фаҳмондадиҳӣ аҷом медоданд, то онҳо шонсе барои ислоҳи худ медоштанд ва обрӯяшонро ҳифз мекарданд», – афзуд Қосимова дар суҳбат бо вазир.
Генерал-лейтенант Раҳимзода Раҳимзода бо муҳтавои суҳбати ин шаҳрванд изҳори мувофиқат кард ва дар навбати худ аз бонувони хатлонӣ, ки ба дидораш омада буданд, хост, дар роҳи тарбияи шоистаи ҷавонон, тарғиби пӯшиши пироҳани суннатии тоҷикӣ, посдории фарҳанги миллӣ ва ҷилавгирӣ аз тамоюлҳои хатарзо дар ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкор бошанд.
– Ана ҳамин либосҳое, ки ба бар кардаед, ҳамаи шуморо зеб медиҳад, – афзуд вазир. – Ин либосҳое ҳастанд, ки ҳама бонувони тоҷик, момою момокалонҳои мо аз замонҳои пеш мепӯшиданд. Имрӯз, мутаассифона, баъзе гурӯҳҳое пайдо шудааст, ки онҳо пойбанди ақидаҳои радикал ва пуштибони равияҳои тундрав ҳастанд ва бо чунин пӯшиш худро нишон медиҳанд. Баъзе ҷавононро бинед, ки ришҳои дароз доранд, намедонам, чӣ кор мекунанд. Гоҳе зиёдаравӣ мекунанд. Шояд ин нишонаи камсаводии онҳо бошад.
Дар идома зане, ки худро
раиси яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Вахш
муаррифӣ кард, гуфт, ки риши се ҷавони маҳаллиро қайчӣ задааст ва минбаъд низ чунин кор хоҳад кард…
Қосим Қосимов
, намояндаи ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон, ки дар баҳсу баррасиҳои марбут ба бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритус миёни оилаи Абдуллоевҳо ва Муҳибулло Саъдуллоев аз дувумӣ ба ҳайси адвокат ҳимоят мекард, зимни қабули вазири корҳои дохилӣ ба хотири пешгирии кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз оташcӯзӣ дар ин бозор изҳори сипос кард.
– Он гурӯҳе, ки мехост бозори «Ином»-ро сӯзонад, ҳоло дар ҳабс қарор дорад, – афзуд Қосимов. – Бояд қайд кунам, ки дар ин бозор соҳибкорон ба андозаи зиёда аз 40 миллион сомонӣ молу маҳсулот доштанд ва кормандони мақомоти милитсия аз ин ҷиноят пешгирӣ карда тавонистанд. Нияти сӯзонидани бозор дар ҳоле сурат мегирифт, ки «Гурӯҳи 24» ва дигар созмонҳои ифротгаро мехостанд дар миқёси ҷумҳурӣ митингҳо ташкил кунанд ва бо ин роҳ вазъи кишварро ноором созанд. Яъне ба воситаи сӯзонидани молу амволи шаҳрвандон нобоварии мардумро ба вуҷуд биёранд…
Вазир дар посух изҳор дошт, ки ин қазияро шахсан зери назорат гирифта буд. «Амалиёти дастгир кардани гурӯҳи ҷинояткор, ки мехостанд бозорро сӯзонанд ва нобоварии мардумро ба вуҷуд оварда, вазъи ноҳияро ноором гардонанд ва ин гурӯҳҳо вобастагӣ ба хориҷ доштанд, бо супориши ман сурат гирифта, гумонбарон дастгир карда шуданд», – гуфт Раҳимзода.
Шаҳрванди дигар аз ноҳияи Қубодиён
зимни суҳбат таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилиро ба гароиши ҷавон ба созмонҳои ифротию иртиҷоӣ ҷалб кард. Ба қавли ӯ, аксари ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар минтақаҳои даргири кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи кофӣ надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд. «Ба наздикӣ ду ҷавон аз деҳаи мо, ки шомили «Ҳизб-ут-Таҳрир» гардида, ба кишварҳои ҷангзада рафта буданд, бо талошҳои мақомоти милитсия бозгардонида шуданд. Онҳо, ки қурбони фиреби истихдомгарон шудаанд, миқёси хатари ин амалашонро намедонистанд. Хушбахтона, ба онҳо барои баргаштан ба ҳаёти осоишта шонс дода шуд. Ҳоло яке аз онҳо дар сафи артиши миллӣ хизмат мекунад ва дуюмаш дар бозор машғули тиҷорат аст», – иброз дошт ӯ.
– Ҳарчанд дар Тоҷикистон ба хотири амнияту осоиштагӣ ва ободию шукуфоӣ фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо тибқи қонун манъ шуда бошад ҳам, – гуфт Раҳимзода, – ҷойи таассуф аст, ки ҷавонони моро гурӯҳҳои ифротгаро бо ваъдаи маблағҳои ночизе, ки ба ивази ҷони онҳо дода мешавад, гумроҳ мекунанд. Бояд пеши роҳи ифротгароиро бигирем. Мардуми зиёде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, хусусан, Кӯлобу Қубодиён ва Бохтару Шаҳритус ба ҳамин ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил шудаанд ва дар Сурия ҳастанд. Зиёда аз 200 нафарашонро мо ва дигар мақомотҳо муаяйн кардаем, ки ҷавонон аз Тоҷикистон ба ин гурӯҳҳо шомил шудаанд. Ин оқибати вазнин дорад ва аз бозомаданашон ҳам ба мардум зарари зиёд расиданаш мумкин. Ба хотири як маблағи муайян, ки ба воситаи интернет ваъдашон мекунанд, пойбанди он гурӯҳҳои экстремистӣ мешаванд. Баъд аз рафтанашон шиносномаҳоро аз дасташон мегиранд, ки дигар роҳи аз он ҷо гурехтан надоранд. Мояи нигаронии амиқ аст, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват карда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд.
«Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд зану духтар гирифта шуд. Имрӯз як нафар ба ман муроҷиат кард, ки «духтарам ба Сурия рафтаасту ба воситаи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» расмашро фиристодааст. Зери чашмонаш сиёҳ ҳастанд ва мавриди латукӯб қарор мегирад. Дигар имкони аз он ҷо баромадан надорад». Яъне худи шаҳрвандон вақте ба он ҷо мераванд, худ намедонанд, ки онҳоро чӣ интизор аст. Аз ин хотир, хоҳиш мекунам, ки дар пешгирӣ аз гаравидани шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расонед», – афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол
Қиматхон Фахриддинова
, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки ҷабрдида аз ҳамлаи се нафари ношинос ба манзилаш мебошад, гуфт, ки ин афрод ҷавонони ҳамсоя ва бекор будаанд: «Шаби 25 март ба хонаи мо се нафари ниқобпӯш зада даромаданд. Бо фарзандони ноболиғам дар хоб будем. Латукӯбам карданд ва як миқдор маблағи пасандозамро ба яғмо бурданд. Бисёр тарсидем, аммо шукр мекардам, ки фарзандонам солим монданд, чун дар дасти он авбошон корд буд ва метавонистанд моро бикушанд. Милитсия дар кӯтоҳфурсат ҷинояткоронро дастгир кард. Маълум шуд, ки ҷавонони ҳамсоя будаанд. Онҳо чанде пеш аз Русия депорт шуда, ҳоло бекор будаанд. Аз муҳтоҷӣ даст ба чунин ҷиноят задаанд».
«Ман аз мақомоти давлатӣ мехостам, ки барои бо кор таъмин кардани ҳамин ҷавонони депортшуда ва корҷӯ талош ба харҷ диҳанд. Вагарна мизони чунин ҷиноятҳо болотар меравад. Ку кафолат, ки фардо, масалан, дубора ба хонаи мо ё ҳамсояи мо дузд намедарояд?», – изҳор дошт Фахриддинова.
Бархе аз шаҳрвандон, ки ба қабули вазири корҳои дохилӣ омада буданд, асосан оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ суҳбат мекарданд ва аз ӯ мехостанд, ки ин мушкилотро бо мақомоти дигари сатҳи ҷумҳурӣ дар миён гузорад. Таъмини ҷавонон бо кори доимӣ, осон кардани мушкили будубош ва кори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, ҷилавгирӣ аз таъхири мақомоти дахлдор дар таҳияи шиносномаҳо ва ироаи кӯмакҳои иҷтимоӣ ба хонаводаи кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба ҳалокат расидаанд ё маҷруҳ шудаанд, аз ҷумлаи ҳамин гуна масъалагузориҳо буд.
Бобоҷон Абдусамадов
, раиси Ҷамъияти маъюбони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон гуфт, ки 7 узви ин ҷамъият аз ӯ хоҳиш кардаанд, то ба вазири корҳои дохилӣ арзашонро расонад. «Ин 7 нафар фарзандони кормандони собиқи милитсия мебошанд, ки ба ҳалокат расидаанд, ё бознишаста шудаанд. Онҳо, ки имконоти ҷисмониашон маҳдуд аст, кӯмаки иҷтимоӣ мехоҳанд. Вазир ваъда дод, ки ба ин хонаводаҳо ҳатман кӯмакҳои молиявӣ расонида мешавад», – афзуд Абдусамадов.
Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири корҳои дохилии ҶТ дар тамоми минтақаҳо бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат мепазирад. Ӯ дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти ҶТ ба вазир супориш дода буд, ки бо мардум наздик бошад, ба шаҳру навоҳӣ сафар карда, мустақиман ба арзу шикоят ва дархосту пешниҳодоти онҳо гӯш диҳад. Қарор аст, ки Рамазон Раҳимзода тирамоҳи соли ҷорӣ бори дувум барои қабули шаҳрвандон ба вилояти Хатлон сафар кунад.



