Фавти шаҳрванди Тоҷикистон дар навбати гирифтани патент

Сафорати Тоҷикистон дар Русия фавти шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Панҷакент Комилҷон Эсанов дар қаламрави Маркази муҳоҷирати «Сахарово»-и вилояти Маскавро тасдиқ кард. Бино ба маълумоти сафорат, дар ин бора роҳбари ин Маркази муҳоҷират Николай Федосеев тариқи телефон ба роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират Асрор Одинаев хабар […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Русия фавти шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Панҷакент Комилҷон Эсанов дар қаламрави Маркази муҳоҷирати «Сахарово»-и вилояти Маскавро тасдиқ кард.

Бино ба маълумоти сафорат, дар ин бора роҳбари ин Маркази муҳоҷират Николай Федосеев тариқи телефон ба роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират Асрор Одинаев хабар додааст.

Зикр мегардад, ки шомгоҳон вақте Эсанов патентро дастрас ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои худро тахт мекунад, тасмим мегирад, ки то субҳ дар бинои марказ бимонад, зеро ин марказ шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Баъди бад шудани вазъи Эсанов ёрии таъҷилӣ даъват карда шуда, вале то расидани табибон ба марказ, ӯ фавтидааст. Ба иттилои сафорат, айни замон ҷасади Эсанов дар яке аз мурдахона ( морг)-ҳои Маскав қарор дошта, сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Фергана» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Комилҷон Эсанови 48-сола муддати 2 шабонарӯз барои дастрас кардани патент дар марказ навбат поидааст ва аз ин рӯ, вазъи саломатиаш бад шуда, фавтидааст. Дар худи ин марказ табибон ҳузур надошта, посбонон ёрии таъҷилиро даъват кардаанд. Табибон танҳо баъди як соат ба марказ расидаанд, ки Эсанов аллакай фавтида буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.