Раиси пойтахт ба манъи вуруди нақлиёти мусофирбар аз минтақаҳо дастур дод

Зимни ҷаласаи васеи шаҳрдории Душанбе бо иштироки раҳбарияти сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони шӯрои маҳаллаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба манъи вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз минтақаҳои кишвар ба қаламрави пойтахт дастур дод. Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом барои пешгирии ҳолатҳои тамбашавии […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни ҷаласаи васеи шаҳрдории Душанбе бо иштироки раҳбарияти сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони шӯрои маҳаллаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба манъи вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз минтақаҳои кишвар ба қаламрави пойтахт дастур дод.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом барои пешгирии ҳолатҳои тамбашавии автомашинаҳо дар роҳҳои дохили шаҳр рӯйи кор гирифта шуда, ҷойи таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрӣ дар назди 4 дарвозаҳои шаҳр муқаррар карда мешавад. Ин дастур аз 9 апрел мавриди амал қарор мегирад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин раиси пойтахт дастур додааст, ки барои таъмини фаъолияти муътадили нақлиёти мусофирбар шурӯъ аз 15 апрел аз соати 6-и субҳ ба равуои 70%-и нақлиёти хусусӣ ва коммуналӣ иҷозат дода шавад.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба тезонидани корҳои сабзгардонии шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи пойтахт (ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел) низ дастуру супоришҳо додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.