Озмуни «Дарёи муҳаббат» дар боғи Камоли Хуҷандӣ

Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи силсиламаҳфил-озмунҳо таҳти унвони «Дарёи муҳаббат» бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ ва ба муносибати эълон гаштани «Соли 2015- соли оила» дар боғи таърихӣ- фарҳангӣ ва фароғатии Камоли Хуҷандӣ маҳфил-озмуни навбатӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҳфили номбурда бо иштироки 10 оилаи намунавии маркази вилоят доир гашт. […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи силсиламаҳфил-озмунҳо таҳти унвони «Дарёи муҳаббат» бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ ва ба муносибати эълон гаштани «Соли 2015- соли оила» дар боғи таърихӣ- фарҳангӣ ва фароғатии Камоли Хуҷандӣ маҳфил-озмуни навбатӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҳфили номбурда бо иштироки 10 оилаи намунавии маркази вилоят доир гашт. Оилаи ҷавони маҳфил собиқаи 30 солаи оиладорӣ ва кӯҳансолтаринаш бошад, собиқаи 60 солаи оиладорӣ доранд. Иштирокдорони маҳфил аз рӯзгори оилвии худ ба иштирокчиён нақл намуда, хушбахтии оилаи худро дар осудагии оила ва сиҳатии фарзандон нисбат доданд. Иштирокчиён тариқи суолу ҷавоб лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии якҷоя, мушкилии рӯзгори худро нақл намуданд.

Чорабиниро намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангии занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳр шукӯҳи хоса бахшид. Барои иштирокдорони маҳфил тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.