Ҷашни солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи ВКД дар Хуҷанд

Ахири ҳафтаи гузашта дар қисми низомии 3501 22-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, қабл аз ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмат буду боши сарбозон, таъмини маводи хӯрока ва захираи он ошно гардид. Лозим ба ёдоварист,ки дар рӯзҳои […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта дар қисми низомии 3501 22-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, қабл аз ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмат буду боши сарбозон, таъмини маводи хӯрока ва захираи он ошно гардид.

Лозим ба ёдоварист,ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз қисми низомӣ соҳиби биною иншооти нав шуда, барои омодагии ҳарбӣ, омӯзиши низомӣ тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.

Ба раиси шаҳри Хуҷанд масъулин иттилоъ доданд,ки ҳоло барои таъминоти сарбозону афсарон, тамоми намуди маводи ғизо ба ҳадди кофӣ захира карда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба номгӯи таоми хизматчиён ҳатман таомҳои миллӣ ҳамроҳ карда шуда, беш аз ҳама ба ғизонокии онҳо эътибор дода шавад. Баъдан дар саҳни ҳавлӣ ҳамоиши идона доир гардида онро муовини фармондеҳи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сайидмӯъмин Иззатов ифтитоҳ бо суханони муборакбодӣ оғоз намуд. Сипас ҳайати шахсию фармондеҳии қисми низомии мазкурро раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ин санаи хотирмон табрик намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода 10 нафар сарбозон ва хизматчиёни қисми низомии мазкурро барои хизмати софдилонаашон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.

Барои тамоми ҳайати шахсӣ ба муносибати ин ид аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри дастухони идона ороста шуда, барномаи консертии ҷолиб пешкаш гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.