Авлавият ба шаҳрвандони синни аз 35-сола болои Тоҷикистон ба сафари ҳаҷ

Date:



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон дигари ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.

Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ пеш гирифта мешавад.

«Азбаски тайи чанд сол аст, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро  ихтисор намудааст, ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидаасту тавон ва орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд», – зикр мегардад дар ин робита дар торнамои расмии Кумита.

Ба гуфтаи манбаъ, вазорату идораҳои дахлдори кишвар талош варзидаанд, ки Арабистони Саудӣ имосл шумори квотаҳо барои Тоҷикистон ҷиҳати ади маросими ҳаҷро то 8 ҳазор нафар зиёд намояд, лекин ин шумор тағйир наёфта, имсол ҳам 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданд. Нархи адои маросими ҳаҷ дар соли равон 3 ҳазору 600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...