Раиси пойтахт бо тоҷирони бозори «Шоҳмансур» мулоқот кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи имрӯз аз бозори «Шоҳмансур» боздид намуда, бо тоҷироне, ки ба маркази савдои «Пойтахт-90» кӯчонида мешаванд, мулоқот кард. Сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси пойтахт ба тоҷирон сабабҳои кӯчонидан ба дигар нуқтаҳои фурӯшро шарҳ дод. «Раиси шаҳр […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи имрӯз аз бозори «Шоҳмансур» боздид намуда, бо тоҷироне, ки ба маркази савдои «Пойтахт-90» кӯчонида мешаванд, мулоқот кард.

Сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси пойтахт ба тоҷирон сабабҳои кӯчонидан ба дигар нуқтаҳои фурӯшро шарҳ дод.

«Раиси шаҳр қайд кард, ки бозори «Шоҳмансур» аз оғози фаъолияташ на барои савдои масолеҳи сохтмону маҳсулоти саноатӣ, балки барои фурӯши сабзавоту мева ва маводи ғизойӣ пешбинӣ гардида буд. «Ғайр аз ин, дар баробари зиёд шудани шумори нуқтаҳои фурӯшу мағозаҳо дар қаламрави бозор, мушкилоти марбут ба таваққуфгоҳи автомашинаҳо, вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ пайдо шуданд», – гуфт Амонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мағозаҳои ин тоҷирон кӯчонида намешаванд, лекин дар онҳо танҳо сабзавоту мева ва маводи ғизойӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

«Ба тоҷироне, ки маҳсулоти саноатии хушсифат савдо мекунанд, дар маркази савдои «Пойтахт-90» ва ба боқимонда тоҷирон дар бозорҳои дигари пойтахт ҷой дода мешавад. Аллакай 15 нафар тоҷирони масолеҳи сохтмон ва молҳои рӯгзгор ба идомаи кор дар «Шанхай бозор» розӣ шуданд», – қайд кард Амонов.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки то имрӯз 80 нафар тоҷирони машғул ба фурӯши хушкмева ва 10 нафар савдогарони асал, ки дар бозори «Шоҳмансур» фаъолият доштанд, аллакай дар маркази савдои «Пойтахт-90» бо фурӯшгоҳ таъмин карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.