Оғози фаъолияти шабакаи телевизиони муассиси «Озодагон» дар Қирғизистон

Барномаҳои нахустини шабакаи нави телевизиони минтақавии Central Asian New TV (СNT, Телевизиони нави Осиёи Марказӣ) тариқи моҳвораи Eutelsat рӯзи 3 май бо забонҳои русиву тоҷикӣ пахш мешаванд. Дафтари асосии шабакаи телевизиони нав дар Шаҳри Бишкек воқеъ аст. Муассиси гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» ва ҳамчунин шабакаи телевизиони дар боло зикршуда Зафари Сӯфӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Мавзуна Абдуллоева



Барномаҳои нахустини шабакаи нави телевизиони минтақавии Central Asian New TV (СNT, Телевизиони нави Осиёи Марказӣ) тариқи моҳвораи Eutelsat рӯзи 3 май бо забонҳои русиву тоҷикӣ пахш мешаванд. Дафтари асосии шабакаи телевизиони нав дар Шаҳри Бишкек воқеъ аст.

Муассиси гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» ва ҳамчунин шабакаи телевизиони дар боло зикршуда Зафари Сӯфӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар баробари рӯйдодҳои Тоҷикистон, шабакаи нави телевизион рӯйдодҳо дар дигар кишварҳои минтақаро низ инъикос хоҳад кард.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2011 ӯ лоиҳаи таъсиси шабакаи нави телевизиониро таҳия намуда, онро дар мақомоти давлатии Қирғизистон сабти ном кардааст. Ба савол дар бораи сарчашмаҳои маблағгузории телевизиони нав, номбурда посух дод, ки чун дар дигар лоиҳаҳои гурӯҳи расонаҳои қаблӣ, телевизиони нав низ аз ҳисоби воситаҳои шахсии худи ӯ маблағгузорӣ мешавад.

Зафар Сӯфӣ қайд кард, ки дар муқоиса бо Тоҷикистон ҷараёну расмиёти бақайдгирии шабакаи телевизион дар Қирғизиситон осонтару зудтар аст ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки шабакаи телевизиони нав дар Бишкек боз мегардад.

«Барномаҳои CNT асосан ҷанбаҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин фарҳангиву фароғатиро фаро хоҳанд гирифт. Тавре ман пештар ҳам гуфта будам, ба хотири наздикшавии мардуми мо барномаҳое таҳия мебояд кард, ки барои омӯзиши вижагиҳои фарҳангиву таърихии халқҳо ҳарчи бештар маълумот пешниҳод карда тавонанд. Дар ҳар кадоме аз кишварҳои фарогирандаи мавҷи телевизиони нави минтақавӣ амал кардани шабакаи худии журналистон зарур аст. Сарфи назар аз хусусияти минтақавӣ доштани он, мо талош хоҳем варзид, ки баҳри болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон ва таблиғи арзишҳои фарҳангии халқамон кор кунем», – иброз дошт ӯ.

Зафари Сӯфӣ ҳамчунин илова намуд, ки дар сурати тавсеъа ёфтани имконот, барномаҳои шабакаи нави телевизиони минтақавӣ бо дигар забонҳо низ пахш хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.