Тоҷикистон барқро ба Қирғизистон бо нархи порсола фурӯхтанӣ нест

Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи муайян кардани арзиши содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими тобистони соли равон ба мувофиқа нарасиданд. Роҳбари хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар, ки ҳамин моҳ дар Душанбе баргузор шудааст, Тоҷикистон ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи муайян кардани арзиши содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими тобистони соли равон ба мувофиқа нарасиданд.

Роҳбари хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар, ки ҳамин моҳ дар Душанбе баргузор шудааст, Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намудааст.

Аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморида, изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.

Чунин пешниҳоди Қирғизистнро дар ширкати «Барқи тоҷик» қобили қабул намедонанд, зеро ин арзиш ҳатто хароҷоти худи ширкатро пӯшонида наметавонад.

Ҳамин тариқ, айни замон Қирғизистон бо назардошти имконоти худ пешниҳоди Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, сипас миёни ҷонибҳо давраи минбаъдаи гуфтушунидҳо дар ин хусус дар назар аст.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат 226,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи июни соли гузашта арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 12,6 дирам (бо қурби ҳозира беш аз 2 сент) муқаррар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.