Коршинос: Оташи ҷанг аз Қундуз метавонад ба Тоҷикистон гузарад

– Ноамн шудани вазъ, ҷамъшавии нерӯҳои Толибон дар музофоти Қундузи Афғонистон, ки имрӯз дар он ҷо муҳорибаҳои хунин миёни нерӯҳои ҳукумат ва ҷангиёни ҳаракати Толибон ҷараён доранд, ҳанӯз соли гузашта шурӯъ шуда буд ва аз ин ҳам дар ҳукумати Афғонистону ҳам дар нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ (НАТО) ва ҳам дар кишварҳои ҳаммарз бо ин музофот огаҳӣ […]

Аваз Юлдошев



– Ноамн шудани вазъ, ҷамъшавии нерӯҳои Толибон дар музофоти Қундузи Афғонистон, ки имрӯз дар он ҷо муҳорибаҳои хунин миёни нерӯҳои ҳукумат ва ҷангиёни ҳаракати Толибон ҷараён доранд, ҳанӯз соли гузашта шурӯъ шуда буд ва аз ин ҳам дар ҳукумати Афғонистону ҳам дар нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ (НАТО) ва ҳам дар кишварҳои ҳаммарз бо ин музофот огаҳӣ доштанд, вале ҷиҳати пешгирии он тадбирҳо андешида нашуданд, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» коршиноси тоҷик оид ба вазъ дар Афғонистон Қосимшо Искандаров.

«Имрӯз нерӯҳои ҳукумат дар Қундуз алайҳи ҷангиёни ҳаракати Толибон амалиёти густардаеро роҳандозӣ намудаанд ва ба назари ман, дар ин амалиёт онҳо метавонанд барои як муддате муваффақ шаванд, вале вазъро ба муҳлати зиёдтар ба эътидол оварда наметавонанд», – қайд кард коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз барои таъмини амну субот дар Қундуз ҳукуматдорони Афғонистон аз ҳарвақта дида бештар ба кумаки беруна ва қабл аз ҳама, ба кумаки низомӣ, дастгирӣ аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ва кадрҳои соҳибтаҷрибаи низомӣ ниёз доранд.

«Даргириҳо дар музофоти Қундузи ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон бевосита ба марзҳои ҷанубии кишвари мо хатар эҷод мекунанд ва ҳукумати Тоҷикистону иттифоқчиёнашро зарур аст, ки ба ҳама гуна сенарияҳои идомаи ҷанг дар назди марзҳои мо омода бошанд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки тайи 3 шабонарӯзи ахир дар Қундуз муҳорибаҳои шадид идома дошта, бар асари он на камтар аз 45 нафар ҷангиён кушта шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Тоҷикистону Чеченистон низ ҳузур доштанд. Аз нерӯҳои ҳукумат низ 12 нафар ҳалоку захмӣ шуданд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Афғонистон, дар робита ба ноамн шудани вазъ дар Қундуз, президенти кишвар Муҳаммад Ашраф Ғанӣ маҷбур шудааст, ки сафари имрӯзааш ба Ҳиндустонро мавқуф гузорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.