Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хдамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ нахуст бо вазъи кунунии хонаи фарҳанги бахши фарҳанги ноҳия шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, хонаи фарҳанг соли 1985-уми қарни гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то кунун таъмир нагардидааст ва ба азнавсозӣ ниёз дорад. Бино дорои як толори бузург бо 600 ҷои нишаст ва зиёда аз 10 утоқи кориву машғулиятгузаронӣ мебошад ва ҳамзамон дар ин муассиса мактаби мусиқии ноҳия низ фаъолият мебарад.
Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен 1 театр, 3 хонаи маданият ва 14 клуби деҳот мавҷуд буда, хонаи фарҳанги ноҳия яке аз онҳо ба шумор меравад, ки ҳолаташ хело ногувор гаштааст.
Раиси вилоят бо мақсади таъмиру азнавсозии бинои мазкур масъулинро вазифадор намуд, ки ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшанд. Тибқи супориши раиси вилоят хонаи фарҳанги мазкур низ ба таъмир фаро гирифта шуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи Сарқонуни кишвар ба истифода дода мешавад.
Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолияти кунунии пойгоҳи обкашии «Новая» шинос гардид.
Тавре зимни шиносоӣ таъкид гардид, ин пойгоҳи обкашӣ соли 1986 ба истифода дода шуда, дорои 5 агрегат мебошад ва тибқи нишондод зиёда аз 1000 гектар замин тавассути ин пойгоҳ обёрӣ мешавад. Айни замон бошад аз 5 агрегат танҳо 3 адади он фаъолият мебарад, ки ин боиси кам гаштани оби полезӣ дар заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Куруш ва Сарбанд гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ дар ин минтақаҳо саҳмдорон соҳиби замин гардида, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҷаҳду талош меаварзанд, вале танқисӣ аз оби полезӣ раванди кишти баҳориро то андозае суст кардааст. Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилӣ ва таъмини тамоми заминҳои кишоварзии минтақа бо оби полезӣ Раиси вилоят ба масъулин супориш дод то дар ин пойгоҳи обкашии мазкур дастгоҳҳои навро васлу насб намуда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин дастрасӣ ба оби полезиро муҳайё созанд.
Чуноне зикр гардид бо баробари васлу насби таҷҳизоти нав икмоният пайдо мешавад то ба масофаи 5 ҳазору 400 метр 1,5 куб об бароварда шуда, бадин тартиб зиёда аз 1200 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоатҳои Куруш ва Сарбанди ноҳияи Спитамен бо оби полезӣ таъмин гарданд.
Тибқи супориши Раиси вилоят ин кор бояд давоми ду ҳафта ба итмом расонида шавад.



