Вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав

Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иттилоъ медиҳад , ки рӯзи 8 май дар шаҳри Маскав вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад. Сарони аксари кишварҳои узви ИДМ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба, ки рӯзҳои 8-10-уми май дар Маскав дар назар аст, ба пойтахти Русия ташриф оварданианд. Бино ба маълумоти хадамоти […]

ASIA-Plus



Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)


иттилоъ медиҳад


, ки рӯзи 8 май дар шаҳри Маскав вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.

Сарони аксари кишварҳои узви ИДМ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба, ки рӯзҳои 8-10-уми май дар Маскав дар назар аст, ба пойтахти Русия ташриф оварданианд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, ташрифи худ ба чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Маскавро сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон

тасдиқ кардаанд

.

Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзҳои 7-8 май аз Маскав боздид намуда, рӯзи 9 май гузашти низомӣ ба ифтихори ҷашни Ғалаба дар Минскро қабул карданист.

Васоити ахбори умум бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон

хабар медиҳанд

, ки дар гузашти низомии Маскав бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов низ ҳузур нахоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, президенти Украина Петр Порошенко барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба аз президенти Русия Владимир Путин даъватнома

нагирифтааст

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.