Тасдиқи Созишнома бо СУС оид ба соддакунии расмиёти савдо

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ҷаласаи имрӯзаи худ Созишнома бо Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар бораи соддакунии расмиёти савдоро тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Сайраҳмон Назриев қайд кард, ки дар Созишнома соддакунии расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҳамлу нақли молу борҳои содиротӣ, воридотӣ […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ҷаласаи имрӯзаи худ Созишнома бо Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар бораи соддакунии расмиёти савдоро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Сайраҳмон Назриев қайд кард, ки дар Созишнома соддакунии расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҳамлу нақли молу борҳои содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ пешбинӣ шудааст.

«Ин тадбирҳо ба коҳиши хароҷот барои ҳамлу нақл ва сарфаи вақти расонидани молу борҳо имкон медиҳад. Ҳамин тариқ, хароҷоти содиркунандагон ва воридкунандагони мол ба андозаи 13-15% кам мешавад. Ҳамзамон ин тадбир ба поинравии нархҳо ба молҳои воридотӣ дар кишварҳои узви СУС низ мусоидат мекунад», – иброз дошт ӯ.

Муовини аввали вазир ҳамчунин зикр кард, ки таъсиси Равзанаи ягона ба бартараф шудани фарқияти маълумотҳо дар бораи ҳаҷми муомилоти мол бо шарикони тиҷоратӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.