Оғози корҳои навсозии роҳи мошингарди Мастчоҳ – Спитамен

Дар доираи идомаи соли роҳҳои обод бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Мастчоҳ – Спитамен оғоз ёфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо мардуми ин минтақа А.Қодирӣ изҳор дошт, ки эълон гаштани соли 2014 ҳамчун соли роҳҳои обод имконият фароҳам овард то ҳолати 2830 […]

ASIA-Plus



Дар доираи идомаи соли роҳҳои обод бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Мастчоҳ – Спитамен оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо мардуми ин минтақа А.Қодирӣ изҳор дошт, ки эълон гаштани соли 2014 ҳамчун соли роҳҳои обод имконият фароҳам овард то ҳолати 2830 км роҳ беҳтар карда шавад.

Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ дар вилояти Суғд идомаи соли роҳҳои обод эълон гашта, беҳсозии ҳолати зиёда аз 3 ҳазор км роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар доираи соли роҳҳои обод роҳи Бустон – Майдончаи комсомол, ки зиёда аз 20 километрро ташкил медиҳад  аз таъмир бароварда шуда, барои равуои сокинон шароити мусоид фароҳам омад.

Ҳамакнун дар идомаи ин тадбири муҳим роҳи аз Майдончаи комсомол то сарҳади ноҳияи Спитамен, ки масофаи умумии он 17 километрро ташкил менамояд, аз таъмири куллӣ бароварда хоҳад шуд.

Корхои роҳсозиро ҶДММ «Суғдроҳ» ба уҳда дошта, барои ин техникаҳои зарурӣ ва мутахассисони соҳа ҷалб карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.