Ташкилоти ФАО дар Ҳисор «Рӯзи саҳроӣ» баргузор намуд

Дар ноҳияи Ҳисор «Рӯзи саҳроӣ»  баргузор гардид,  ки дар он 30 нафар деҳқонону хоҷагидорон аз ноҳияи Ҳисор иштирок доштанд. Ин ҷамъомад аз ҷониби ташкилоти ФАО (Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ) дар ҳамкорӣ бо коперативи ”Сароб” ташкил карда шуд. Ба иштирокчиён ду қитъаи намоишӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абдурауф Юсупови ноҳияи Ҳисор нишон дода шуд, […]

Иттилоияи расмӣ



Дар ноҳияи Ҳисор «Рӯзи саҳроӣ»  баргузор гардид,  ки дар он 30 нафар деҳқонону хоҷагидорон аз ноҳияи Ҳисор иштирок доштанд. Ин ҷамъомад аз ҷониби ташкилоти ФАО (Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ) дар ҳамкорӣ бо коперативи ”Сароб” ташкил карда шуд.

Ба иштирокчиён ду қитъаи намоишӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абдурауф Юсупови ноҳияи Ҳисор нишон дода шуд, ки дар яктои он гандуми тирамоҳӣ ва дар дигараш ҷави тирамоҳӣ бо тухмипошаки махсус кишт карда шудааст. Бо ин тухмипошаки махсус замин бе шудгор кардан кишт карда мешавад.

«Мақсади асосии баргузор кардани «Рӯзи саҳроӣ» ба деҳқонон ва хоҷагидорон нишон додани фарқияти кишти муқаррарӣ ва усули нави кишти бе шудгор мебошад. Дар кишти муқаррарӣ  замин пешакӣ шудгор карда, ба кишт омода мешавад, ки хароҷот ва вақтро талаб менамояд. Ҳангоми истифодаи усули нави кишти бе шудгор, замин пеш аз кишт коркард карда намешавад ва аз боздоштани харҷи изофагӣ ва самаранок истифодабарии вақт, даромаднокии хоҷагиҳо зиёд мегардад»,  – гуфт Виорел Гутсу, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. 

Иштирокчиён бо варақаҳо ва маводҳои иттиллоотӣ, ки аз тарафи  лоиҳаи «Зироаткории сарфаҷӯёна»  маблағгузорӣ гардид, таъмин карда шуданд. Лоиҳаи мазкур бо буҷаи   $370,000 то моҳи декабри соли 2015 давом мекунад ва дар  ноҳияҳои Ҳисор, Данғара ва Фархор амалӣ мегардад.

Ду омили асосӣ – муҳлати кишт ва истифодаи намӣ, ки  барои заминҳои лалмӣ хело муҳим мебошанд, бо усули нави кишти бе шудгор дар вақти оптималӣ киштро гузаронида ва намиро низ самарок истифода бурдан мумкин аст, ки ҳосилро зиёд мегардонад.

Зироаткории сарфаҷӯёна мувозинати ҳосил, муҳофизати захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои хурд буда, кишти бешудгори замин ва боқӣ гузоштани боқимондаҳои растанӣ дар замин бо мақсади баландбардории ҳосилхезии хок аст. Зироаткории сарфаҷӯёна дар солҳои 1960 таҷриба карда шуда, дар амал татбиқ гардидааст ва дар бисёр давлатҳои дунё ба таври васеъ истифода бурда шуда, бо хароҷоти кам ҳосили хубро ба вуҷуд меорад ва дар заминҳои хушк ва ё хоҷагиҳои камдаромад бартарии зиёд дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.